Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки марказии Аврупо мегӯяд, то охири соли 2018 баровардани пули 500-евроиро қатъ мекунад. Аммо ин ниҳод таъкид кардааст, ки пулҳои 500-евроии то ба ҳол баровардаи он қурбашонро гум нахоҳанд кард.

Ин ниҳод дар шарҳи тасмимаш гуфтааст, ки ба истифодаи ин воҳиди пулӣ бештар ҷинояткорон бартарӣ медиҳанд. Аз ҷумла пасандози даромади ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо ин навъи пул анҷом мегирад.

Як миллион евро бо пулҳои 500-евроӣ ду килою 200 грам вазн дорад, ки онро метавон дар як ҷузвдони нооутбук ҷой кард. Аммо ин маблағ бо пулҳои 50-евроӣ тақрибан 22 кило вазн дорад, ки барои интиқоли он ҷузвдони варзишии бузург лозим аст, мегӯяд манбаъ.

XS
SM
MD
LG