Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд


Раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари раиси ҷумҳури Афғонистон ба Душанбе рӯзҳои 10-11 май сурат мегирад. Ин нахустин сафари Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон пас аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон мебошад. Дар назар аст, ки оқои Ғанӣ дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулони баландпояи тоҷик мулоқот ва гуфтугӯ намояд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамтои афғонашро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, ба Тоҷикистон даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG