Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз қочоқи маводи ғизоӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон


Дар вилояти Боткенди Қирғизистон аз вуруди 13 тонна маводи ғизоии ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҷилавгирӣ шудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон, як шаҳрванди ин кишвар бидуни пардохти боҷи гумрукӣ талош кардааст маводи ғизоиро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ворид кунад. Фарди боздоштшуда ба миқдори 96 ҳазор соми қирғизӣ ё беш аз 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима пардохт кардааст.

Дар ҳодисаи дигар, марзбонони қирғиз аз мавриди қочоқи 1,5 тонна бодиринг аз Тоҷикистон ба Қирғизистон тавассути ду шаҳрванди ин кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG