Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигора ба Покистон баргардонида шуд


Як шаҳраки қадимаи буддоиҳо дар Покистон
Як шаҳраки қадимаи буддоиҳо дар Покистон

ИМА як нигораи қадимаи буддоиро, ки солҳои 80-уми қарни гузашта аз Покистон рабуда шуда буд, ба ин кишвар баргардонд. Мақомоти шаҳри Ню-Йорк рӯзи 28 апрел онро ба муовини сафири Покистон Ризвон Сайид Шайх супурданд.

Дар нигора изи пойи Буддо ва рамзҳои динӣ тасвир шудаанд. Ин нигораи сангӣ, ки қарни 2-и мелод офарида шудааст, аз сӯи қочоқбарон аз водии Сувоти Покистон аввал ба Ҷопон ва аз он ҷо ба ИМА интиқол дода шудааст. Қаблан тоҷирони ҷопонӣ, ки ёдгории бостониро аз Токио ба Амрико бурда буданд, худро дар соҳибӣ кардани моликияти рабудашуда гунаҳкор дониста буданд.

Ёдгории бостонӣ дар музоядаи Ню-Йорк бо қимати як миллион доллар ба фурӯш гузошта шуда буд, аммо чанд лаҳза пеш аз оғози музояда бо талаби додситонии шаҳр мусодира карда шуд.

Ба гуфтаи Ришвон Сайид Шайх, нигора, ки ёдгории муҳими таъриху фарҳанги Покистон аст, қабл аз интиқол ёфтан ба Покистон чанд муддат дар Ню-Йорк ба намоиш гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG