Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл ба интиқоди Обама посух гуфт


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Кремл изҳороти раисиҷумҳури Амрико Барак Обам дар бораи президент Владимир Путинро шарҳ дод. Обама дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Си-Би-Эс гуфт, ки ҳамтои русаш Владимир Путин НАТО ва ягонагии Аврупоро таҳдид мешуморад ва барои аз байн бурдани он талош мекунад. Мусоҳиба рӯзи 26 апрел нашр шуд.

Ба гуфтаи сарвари ИМА, аз сӯи Путин чун таҳдид арзёбӣ шудани Паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо иштибоҳ аст. Ман фикр мекеунам, ки ин иштибоҳ аст ва ман ба ӯ ишора кардам, Аврупои воқеъан мустаҳкаму воҳид, ки бо Русияи нерӯманду сӯи ҷаҳони беруна самтгирифта – ин роҳи дуруст аст, вале ӯ то ҳанӯз бо ин ақида мутмаин нашудааст, афзуд раисиҷумҳури Амрико,

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфт, ки баръакс НАТО Русияро барои худ таҳдид мешуморад, Маскав бошад, хостори робитаҳои дӯстона бо ҳама кишвару созмонҳост.

Барак Обама дар ин мусоҳиба дар робита ба бӯҳрони муҳоҷират гуфт, ки он сиёсати Аврупоро дучори чолиш карда,ба таҳкими нерӯҳои нажодпараст мусоидат мекунад ва таҳдиди аз байн рафтани Иттиҳодияи Аврупоро ба миён меоварад. Дар баъзе ҳолатҳо ин вазъ аз сӯи афроде чун Путин сӯиистифода мешавад, изҳор намуд Барак Обама.

Мусоҳибаи Барак Обама қабл аз анҷоми сафараш ба Аврупо анҷом шуд. Сарвари Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, имрӯз ба Аврупо зарур аст, ки дар баробари таҳдидҳое чун бӯҳрони муҳоҷират ва исломгароҳои радикалӣ ваҳдату нерӯмандии худро намоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG