Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман худам овоз медиҳам"


Даҳҳо ҷавон дар маркази вилояти Хатлон хона ба хона гашта, сокинонро барои иштирок дар раъйпурсии 22 майи соли ҷорӣ даъват карданд. Ин ҳамоиш таҳти унвони "Ман худам овоз медиҳам" рӯзи 26 апрел дар Қӯрғонтеппа баргузор шуд.​ Қаҳрамон Бобохонов, сухангӯи ҳукумати Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳамоиш бо пули буҷаи шаҳр сурат гирифта, ҳадафаш танҳо даъвати сокинон барои иштироки фаъол дар раъйпурсӣ будааст.

Мақомоти Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки дар ин шаҳр 47 ҳазору 25 афроди қобили раъй ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин ҳамоиш омбудсмени тоҷик Зариф Ализода ва раҳбари Шӯрои адлияи Тоҷикистон Давлат Муродзода ҳам иштирок доштанд. Зариф Ализода баргузории раъйпурсиро барои Тоҷикистон муҳим донист ва гуфт, ки ҳеч кас нагузорад, то ба ҷои ӯ касе тасмим бигирад ё раъй бидиҳад.

Дар ин раъйпурсӣ сокинон барои ворид кардани 40 тағйиру илова ба Қонуни асосии Тоҷикистон раъй хоҳанд дод. Ин тағйирот аз ҷумла синни номзад ба мақоми президенти Тоҷикистонро аз 35 то 30 поин оварда, ба раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳақ хоҳад дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои ояндаи раёсати ҷумҳурӣ иштирок бикунад. Дар гузашта ду бор – дар солҳои 1999 ва 2003 – ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG