Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии ҳизби нахуствазир дар Сербистон


Александр Вучич
Александр Вучич

Александр Вучич-нахуствазири Сербистон эълон кард, ки дар интихоботи зудраси порламонӣ Ҳизби Прогресивии Сербистон “пирузии таърихӣ” ба даст овардааст. Вай қавл дод, ки кишварро дар ҳамин самт барои ҳамроҳ шудан ба Иттиҳодияи Аврупо нигоҳ медорад.

Вучич баъд аз хатми райдиҳӣ шоми 24 апрел хитоб ба ҷонибдорони худ, ки дар майдони Белград гиридиҳам омада буданд, изҳор дошт, ки “Сербистон роҳи худро ба сӯи Аврупо ҳифз хоҳад кард ва онро суръат хоҳад бахшид”.

Вучич ду сол пеш аз вақти пешбинишуда интихобот эълон кард ва гуфт, ки вай ба ҳимояти бештари порламон ниёз дорад. Ҳизби вай аз 250 курсии порламон 131 курсиро дар ихтиёр дошт. Акнун баъд аз ин интихобот соҳиби 56, 2 дарсад рай ё соҳиби 177 курсӣ дар порламон мешавад.

Аз сӯи дигар вай гуфт, ки Белград дӯстию ҳамкориашро бо Русия, ки мисли сербҳо аз калисои Ортодокс пайравӣ ва ҳимоят мекунад, идома хоҳад дод.

Ҳизби чапгарои сотсиалист дуввумин ҳизби бузурги ин кишвар 10,9 дарсади орои интихобкунандагон ё 34 курсиро ба даст овардааст. Ҳизби миллатгарои тундрави Войислав Шешел севвумин ҳизби Сербистон 7,4 дарсад ё 22 курсиро соҳиб шудааст.

Вайро, ки то ҳол Додгоҳи низомии байналмиллалӣ барои ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославияи пешин дар боздошт нигоҳ медошт, раҳо кард, вай изҳор доштааст, ки агар Вучич аз роҳи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо даст кашад, ба эътилофи Вучич ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG