Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

22 апрел намояндагони бештар аз 150 кишвар дар ҳамоише дар СММ гирдиҳам омаданд, то ба таври расмӣ Қарордоди Порисро дар бораи иқлим имзо кунанд.

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва раҳбарони дигари ҷаҳон барои имзои ин санад ба Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ мепайванданд.

Ин қарордод, ки тақрибан дар 200 кишвар моҳи декабри соли 2015 ба тасвиб расида буд, коҳиши таъсири тағири иқлимро дар бар мегирад ва болоравии ҳарорати ҳаво то 2 дараҷа дар сайёраро дар назар дорад.

СММ мегӯяд, ки ширкати интизордоштаи имзокунандагон нишон медиҳад, ки барои мубориза бо болоравии ҳарорат ҳимояти сартосариро собит месозад. Вале баъзе коршиносони зистмуҳтӣ интиқод мекунанд, ки ин як роҳи баркандани таваҷҷуҳ аст.

Ин қарордод баъд аз 30 рӯзи имзо дар 55 кишвар эътибор пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG