Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози зиндагии 18 оила дар Сайҳун


18 оила аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳри навбунёди Сайҳун рафта, ба зиндагӣ сар кардаанд.

Афзоиши бемайлони аҳолӣ дар бештари ноҳияҳои вилояти Суғд зарурати бунёди шаҳри наверо ба миён овардааст. Сайҳун барои зиндагии 250 ҳазор сокин пешбинӣ шуда ва дар назар аст, дар ин шаҳри нав дар канори манзилҳои хусусӣ 19 микрорайон бо биноҳои серошёна ва коттеҷҳо барои 40 ҳазор хонавода сохта шавад.

Мазбут Маҳмудов ва пайвандони ӯ - бародарон, амак, бародари зан ва се язна, яъне, 18 оила аз ҷумлаи нахустин сокинони ин шаҳр ҳисоб меёбанд. Онҳо дар ноҳияи Айнӣ - зодгоҳи худ дар се хона зиндагӣ мекарданд. Ҳоло ҳар оила коттеҷи худро дорад.

Муҳоҷирон бар асоси тарҳҳои тайёр, ки метавон дар маъмурияти шаҳр дарёфт кард, ин биноҳоро бо дастони худ бунёд кардаанд.

Ба гуфтаи Мазбут, нахуст ба ӯ ва пайвандонаш ба таври ройгон дар канори шаҳр қитъаи 6 сотихи замин пешниҳод карданд, аммо шӯрои хонаводагӣ тасмим гирифт, ки дар маркази шаҳр қитъаи заминро харидорӣ хоҳанд кард. 10 сотихи замин дар ин шаҳр ҳудуди 600 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Барои бунёди ҳар манзил ду ҳазор доллари дигар масраф мешавад.

Ҷойгир шудани 18 оила аз Айнӣ дар Сайҳун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Абдуғаффор Ҳайдаров, сармеъмори шаҳри Сайҳун мегӯяд, мақомоти вилояти Суғд ба 5 ҳазор оила барои бунёди манзил қитъаҳои замин тақсим карда ва беш аз 100 оила алакай ба бунёди хона пардохтаанд. Дар шаҳри Сайҳун зерсохтор, яъне, роҳ, қубурҳои обгузар, истгоҳҳои барқӣ барои чоҳҳои об ва хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд мешавад.

Тибқи нақша дар наздики шаҳр корхонаи металгудозӣ бунёд хоҳад шуд. Сокинони шаҳр дар бахшҳои хидматрасонӣ ва кишоварзӣ низ барои худ ҷои кор пайдо мекунанд.

Дар атрофи Сайҳон боғи 1000-гектарии меваҷот, ки бо усули қатраоб шодоб мешавад, доман паҳн кардааст. Дар ин боғ зардолу, олу ва шафтолу парвариш мешавад. Барои 200 хонавода, ки мехоҳанд дар ин минтақа сокин шаванд, 5 ҳектарӣ замин ҷудо хоҳад шуд.

Шаҳри нави Сайҳун дар 9-километрии шимоли Хуҷанд қомат меафрозад. Дар мавзеи наздик ба Кони Мансур -- аз бузургтарин захираҳои нуқраи ҷаҳон доман густардани ин шаҳри нав ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки замони барои баҳрабардорӣ аз ин кон, аз нерӯи корӣ мушкилӣ накашад. Номи “Сайҳун” ба ин шаҳри нав дар баҳори соли гузашта бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузоштани "хишти аввал"-и он дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дода шуд.

Гузориши телевизиони "Настоящее Время"

XS
SM
MD
LG