Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду низомии рус ба 14 сол зиндон маҳкум шуданд


Александров ва Ерофеев дар додгоҳ

Александров ва Ерофеев дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Голосееви шаҳри Киев ду шаҳрванди Русия Евгений Ерофеев ва Александр Александровро бо мусодираи амвол ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ин ду нафарро дар ширкат дар ҷанг ва фаъолияти террористӣ, ки боиси кушта шудани низомиёни Украина шуда буд, муттаҳам кардааст.

Дар ҷаласаи додгоҳ таъкид гардидааст, ки собит шудааст Ерофеев ва Александров низомиёни рус буда ва баҳори соли гузашта дар минтақаи ҷангзадаи вилояти Луганск, дар шаҳри Украина дастгир шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ин ду низомии рус гуфтаанд, замоне вориди вилояти Луганск шуданд, ки дар артиши Русия хидмат намекарданд. Қаблан Вазорати дифоъи Русия низ дар ин замина чунин ибрози назар карда буд.

Ахиран сару садоҳо дар мавриди имкони табодули Ерофеев ва Александров бо Надежда Савченко, ки додгоҳи Русия ӯро ба муддати 22 сол равонаи зиндон кардааст, пайдо шудаанд.

XS
SM
MD
LG