Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди гурӯҳи соҳибкорони рус ба Тоҷикистон


Гурӯҳи соҳибкорон ва мутахассисони бахши саноати сабуки Русия ба манзури ошноӣ бо корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва баррасии масоили густариши ҳамкориҳо ба Тоҷикистон омадаанд.

Тибқи барнома онҳо аз корхонаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва ҷуроббофии шаҳри Хуҷанд дидан карда ва сипас, ба ноҳияҳои Мастчоҳу Ёвон ва шаҳри Душанбе сафар хоҳанд кард.

Дар назар аст, рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши намояндагони корхонаҳои бофандагию дӯзандагии Тоҷикистону Русия баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG