Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифои Амрико гуфт, ки аз боздоштгоҳи Гуантанамо 9 нафар раҳо ва барои зист ба Арабистони Саъудӣ фиристода шудаанд.

Ҳамаи ин 9 нафар шаҳрвандони Яман мебошанд, вале имкони фиристодани онҳо ба кишварашон ғайриимкон аст, зеро дар Яман ҷанг идома дорад ва вазъ ноором аст.

Ҳамаи онҳо дар Арабистони Саъудӣ хешовандони худро доранд.Ба ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷурм эълон накардаанд. Дар миёни раҳошудагон як нафаре ҳам ҳаст, ки муддатҳои тӯлонӣ гуруснанишинӣ карда буд ва 34 килограм вазни худро аз даст дод.

Бо раҳо шудани ин 9 нафар акнун шумораи боздоштшудагони Гуантамо, яъне пойгоҳи дарёии Амрико 86 нафари дигар мемонад. Аз онҳо 26 нафари дигар то охири тобистони соли ҷорӣ раҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG