Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум аз урдугоҳи муҳоҷирон боздид кард


Попи Рум дар ҷазираи Лесбоси Юнон
Попи Рум дар ҷазираи Лесбоси Юнон

Франсис-попи Рум аз маркази нигаҳдошти паноҳҷӯёну муҳоҷирон дар ҷазираи Лесбоси Юнон боздид кард. Ин боздид нишонаи ҳамбастагӣ бо муҳоҷирон аст, ки вуруди онҳо ба ин ҷазира нигаронии сиёсатмадорони Аврупоро ба бор овардааст.

Дар ин ҷазира ҳангоми боздид муҳоҷирон гиряву нола мекарданд ва худро ба пои Франсис меандохтанд, аз вай кӯмак мехостанд. Ҷазираи Лесбос ба хати муқаддами бӯҳрони инсонӣ дар Аврупо табдил ёфтааст.

Ҳангоме, ки поп ба урдугоҳи Мориа ворид шуд, муҳоҷирон “Озодӣ!”, “Озодӣ!” садо мекарданд. Бар асоси як қарордоди зидду нақизи Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия дар ин урдугоҳ тақрибан 3 ҳазор муҳоҷир нигаҳдорӣ мешаванд.

Попи Рум гуфт: “Ман мехоҳам ба шумо бигӯям, ки шумо танҳо нестед”. “Мо чун шахсони мазҳабӣ мехоҳем ба нидоҳо ҳамроҳ бишавем ва аз номи шумо ҳарф занем”. Вай гуфт, ки ҷаҳон ба ин саҳнаҳо таваҷҷуҳ мекунад ва ба он ҷавоб медиҳад.

XS
SM
MD
LG