Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 задухӯрд дар марз бо Афғонистон


Тайи се моҳи аввали сол дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 8 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён сурат гирифта, 5 марзшикан кушта, ду тани дигар захмӣ ва 10 марзшикан дастгир шудаанд. Ин омор рӯзи 14 апрел дар ҷаласаи семоҳаи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе садо дод. Сардори ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Изатулло Файзуллоев дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфт, дар се моҳи аввали сол аз қочоқбарон 300 кило маводи мухаддир ва 12 мил силоҳ мусодира шудааст. Ӯ афзуд, дар маҷмӯъ дар марзҳои Тоҷикистон 54 мавриди увайрони кардани сарҳад сабт шуда, 126 марзшикан ва 73 тани дигар бо ҷурми вайрон кардани низоми равуо дар манотиқи марзӣ боздошт шуданд.

Тоҷикистон бо Афғонистони ноором 1370 километр, бо Узбакистон 1333 километр, бо Қирғизистон 970 километр ва бо Чин 414 километр марзи мустақим дорад.

XS
SM
MD
LG