Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Дубай як марди ироқӣ ва ду шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҷурми ғорати се зани тоҷик шашмоҳӣ ҳукми зиндон дод. Додгоҳ гуфт, ин се мард рӯзи 15 апрел ба манзили се зан аз Тоҷикистон дар маҳаллаи Ал-Қусайс ҳамла оварда, шиносномаҳо, телефонҳои мобил, пулу ҷавоҳирот ва ҳатто қуттиҳои атри онҳоро ба яғмо бурдаанд. Қабл аз тарки манзил ғоратгарон занони тоҷикро таҳдид ҳам кардаанд, ки ба пулис муроҷиат накунанд, вагарна онҳоро мекушанд. Додгоҳ ин се мардро дар ҳамла, қасди куштан ва ғоратгарӣ муҷрим шинохт. Шаҳрванди маҳкумшудаи Ироқ, бино ба ҳукми додгоҳ, баъди адои ҳукми зиндонаш аз Иморот ба Ироқ ихроҷ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG