Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди Шешел ба Косово манъ карда шуд


Воислав Шешел
Воислав Шешел

Мақомоти Косово сиёсатмадори миллатгарои серб Воислав Шешелро шахси “нон грата” эълон ва вурудашро ба кишвар манъ карданд.Вазири умури хориҷии Косово Петрит Салимӣ рӯзи 9 апрел ба хабаргузории AFP гуфт, ки вуруди Шешел ба кишвар бо далелҳои барои пайвандони ҳазорон қурбониёни аъмоли ӯ дар нимҷазираи Балкан маълум манъ карда шудааст.

Тасмим дар бораи манъи вуруди Шешел ба Косово чанд рӯз баъд аз он гирифта шуд, ки Додгоҳи байнулмиллии Ҳейг ё Гаага оид ба Югославияи собиқ cиёсатмадори сербро аз рӯи парвандаҳои даст доштан дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият сафед кард. Додраси додгоҳ Жан-Клод Антонетти аз Фаронса изҳор намуд, ки Шешел замони ҷангҳо дар Югославияи собиқ дар солҳои 1991-1993 раҳбарии ягон гурӯҳи мусаллаҳро бар дӯш надошт ва дар ягон амалиёти низомӣ шахсан ширкат накарда буд.

Баъд аз ҳукми додгоҳ Хорватия ва Босниву Ҳерсоговина вуруди Шешел ба кишварҳояшонрон манъ карданд.

Воислав Шешел, ки мехоҳад дар интихоботи Сербия дар рӯзи 24 апрел ширкат кунад, хостори сафар ба манотиқи сербнишини шимоли Косово шудааст.

XS
SM
MD
LG