Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик, бинобар ошкор нашудани бемори рӯҳӣ дар вуҷуди ӯ, аз бемористони маризиҳои равонӣ ба госпитали вазорати дифоъ интиқол ёфтааст.

Меҳровар Мақсудов, сарбози қатории қисми ҳарбии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа рӯзи 7-уми апрел аз беморхонаи касалиҳои руҳӣ ба госпитали ҳарбии Вазорати дифоъ воқеъ дар маҳалали 46-уми пойтахт оварда шудааст. Ба гуфтаи табибон, осори заъфи равонӣ дар вуҷуди ӯ мушоҳида нашуд ва ӯ аз бемории “гулафшон” ранҷ мебурдааст.

Ҷамшед Мақсудов, корманди дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе Меҳровар Мақсудов аз беморхонаи рӯҳии ноҳияи Рудакӣ ба госпитали вазорати мудофиа интиқол ёфт ва нишонаҳои бемории равонӣ дар вай мушоҳида нашудааст. Вай гуфт, дар беморхонаи ҳарбӣ мондани Меҳровар бастагӣ ба сиҳат ёфтани вай дорад ва агар зуд сиҳат ёбад, мураххас хоҳад шуд.

Меҳровар Мақсудов бо сабаби рафторҳои намоишкорона доштан дар шӯъба ва ба атрофиён хатарнок буданаш ва барои муайян намудани ҳолати рўҳӣ ва гузаронидани экспертизияи психиатрӣ, рӯзи 22 марти соли равон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рўҳӣ бистарӣ шуд.

Мунира Асоева, модари Меҳровар Мақсудов рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дирӯз писарашро аз беморхонаи бемориҳои руҳӣ ба госпитал оварданд ва дар беморхонаи рӯҳӣ ҳеҷ гуна ташхис накардаанд ва мегӯянд, ки аз бемории “гулафшон” азият мекашад ва ин беморӣ ба бадану мағзи сараш таъсир кардааст.”

Меҳровар Мақсудов

Меҳровар Мақсудов

Вай гуфт, ҳоло натиҷаи тафтишоти латту куби писараш аз тарафи додситонии ҳарбиро интизор ҳастанд ва хоҳиш дорад, ки ҳарчӣ зудтар Меҳроварро ба хонаашон мураххас кунанд.

Карим Салимзода, муфаттиши Додситонии низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи маълумоту санадҳо ва баёнотҳо дар ҳоли санҷиш қарор доранд.

Қаблан Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ иддаои латукӯби Меҳровар Мақсудовро аз сӯи дигар сарбозонро беасос хонда ва гуфта буд, ин сарбози тоҷик "сурхакон" шудааст ва бояд табобат бигирад.

Хонаводаи Меҳровар Мақсудов барои расидагӣ ба қазияи ӯ, қаблан аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ кӯмак хоста буданд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи 26 март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи латту кӯби Меҳровар шудаанд.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчӣ мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG