Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаби 6 апрел як муҳоҷири тоҷик, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кор мекард, аз баландии 20 метр ба замин афтода, ҳалок шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин коргар бастани тасмаи амниятиро фаромӯш карда буд ва ҳангоми кашондани ароба пешпо хӯрда, ба замин сарозер шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар кӯчаи Савушкина, дар як қитъаи ЗСД (За́падный скоростно́й диа́метр) – яке аз шоҳроҳҳои Петербург кор мекард. Дар Русия то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ҷанозаи беш аз 1000 нафар оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG