Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини раиси нави Роғун


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 апрел ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва идораҳои дигари давлатӣ идома додааст. Бар асоси хабари дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар пайи ин тағйирот Билол Иброҳим иҷрокунандаи раиси шаҳри Роғун таъин шудааст. Раиси пешини Роғун Шариф Шарифзода ҳафтаи гузашта раҳбари шаҳри Хуҷанд таъин шуд.

Инчунин, бо фармони раисиҷумҳур Нуралӣ Асозода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

“Бо қарорҳои ҳукумат бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо озод карда шуданд. Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт озод ва ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат ба ин вазифа таъин гардид,” – таъкид шудааст дар хабари дафтари матбуот.

XS
SM
MD
LG