Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар фурудгоҳи Ларнаки Кипр ҳамаи гаравгононе, ки дар ҳавопаймои ширкати EgyptAir нигаҳдорӣ мешуданд, озод гардиданд.

Ҳеч кадом аз ин 70 гаравгон осеб надидааст. Марде, ки ҳавопайморо рабуда буд, таслими пулис шуд.

Рӯзи сешанбе як мусофири ҳавопаймое, ки аз Искандария ба Қоҳира парвоз мекард, аз халабонҳо талаб кард, ҳавопайморо ба Кипр баранд. Ин мард таҳдид кард, ки дар сурати сарпечӣ ҳавопайморо метарконад. Аммо баъдтар маълум шуд, ки вай маводи тарканда надоштааст.

Сабабҳои ба ин иқдом даст задани мард то кунун рӯшан нашудааст. Президенти Кипр Никос Анастасиадис гуфт, ин ҳодиса ба терроризм рабт надорад.

Расонаҳо менависанд, боздоштшуда шаҳрванди Миср Сайфиддин Мустафо аст. Вай гӯё мехостааст, ба Кипр барои мулоқот бо ҳамсараш биравад. Бино бар хабарҳои дигар, ин мард раҳоии фаъолони занро аз зиндонҳои Миср талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG