Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз вуруди молҳои бидуни ҳуҷҷат ба Тоҷикистон


30 марти соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар анбори Корхонаи коркарди пӯсти шаҳри Душанбе телевизорҳои калонҳаҷм (плосткий) ва кондисенерҳои беҳуҷҷат ошкор шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар дохили анбори мазкур телевизорхои гуногунҳачми истеҳсоли хориҷии тамгаи ТCL ба миқдори 1 299 адад ва кондитсионери ТCL ба миқдори 241 хазору 150 ададро бидуни расмиёти гумрукӣ кашф шудааст.

Хангоми муоинаи гумрукӣ маълум гардидааст, ки моли мазкур ба соҳибкорони чиноӣ тааллуқ дошта ва соҳибмулк ба кормандони гумрук ягон ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи мол пешниҳод накардааст.

Нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаи санҷишӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

XS
SM
MD
LG