Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд


Бар асари резиши ду тарма дар наздикии нақбҳои "Шаҳристон"-у "Истиқлол", воқеъ дар масири Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати васоили нақлия ба муддати чор соат мутаваққиф шудааст. Дафтари матбуоти ширкати “Иновейтив Роуд Солюшнз" (IRS), ки ин роҳи пулакиро дар ихтиёр дорад, бо тасдиқи ин хабар рӯзи 30 март ба Озодӣ гуфт, тармае, ки ҳудуди 50 метр дарозӣ дошт, дар наздикии нақби “Истиқлол” дар соати ёздаҳуними шаб пурра тоза шуда ва ҳоло ҳаракати нақлиёт ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст.

Ҳамчунин, дар наздикии нақби "Шаҳристон" тармаи 70-метрӣ фаромада, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро ба муддати ду соат масдуд кардааст.

Ширкати “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) мегӯяд, феълан ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин шоҳроҳ таъмин аст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо шурӯи боронгариҳо аз ронандагон ва мусофирон даъват карданд, ки ба хотири эҳтиёт аз тармафароӣ ва резиши сангу хок аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG