Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи "Таърихи зиддишӯравӣ"-и Олег Панфилов


Китоби нави профессор ва публитсист Олег Панфилов бо номи "Таърихи зиддишӯравӣ" дар бораи далелҳо ва ҳодисаҳои норӯшани империяҳои Русияву Шӯравӣ дар Украина ба чоп расид. Ин китоб таърихи 150-солаи ҷанги Русия ва Чукотка, аслу насаби императорҳои Русия ва далелҳои дигарро дар бар мегирад.

Дар ин китоб, инчунин, ба рӯйдодҳои хунини муосир - ду ҷанги Русияву Чеченистон, ҷанги Русияву Гурҷистон ва акнун ҷанги Русияву Украина ва ғасби Қрим - руҷӯъ шудааст.

Ин китоб маҷмӯи мақолаҳоеро, ки дар Радиои Озодӣ дар солҳои охир нашр шудаанд, низ дар бар мегирад. Хабар дода мешавад, ки тарҷумаи булғорӣ ва чехии китоб ба охир расидааст ва тарҷумаи англисии он ҳам дар назар аст. Муаррифии ҳамаи тарҷумаҳои китоб дар моҳи апрел дар Брюссел таҳти унвони "Таърихи бе сензура" баргузор хоҳад шуд.

Профессори Донишгоҳи давлатии Илия (Гурҷистон), рӯзноманигор Олег Панфилов соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар соли 1979 донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, дар Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохтааст. Аз соли 1974 машғули рӯзноманигорист.

Вай барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи синамоии "Симои ойин" (1993) буда, дар соли 2009 ҷоизаи Information Safety and Freedom, ISF "Барои озодии матбуот"-ро гирифтааст. Ҳамчунин ба ордени гурҷии "Шараф" дар соли 2013 сазовор гаштааст. Муаллиф ва мураттиби 35 китоб, зиёда аз 4000 мақола дар кишварҳои гуногун ва нависандаи филмномаи 8 филм аст.

XS
SM
MD
LG