Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набардҳо дар канори шаҳри Палмира


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия рӯзи 26 март бахши шимолии шаҳри бостонии Палмира ё Тадмурро аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд. Ба иттилои телевизионии давлатии Сурия, артиш бо мусоидати ҳавопаймоҳои ҷангиии Русия, минтақаи Ал-Амирияи канори Палмираро таҳти назорат қарор дод. Як рӯз аз ин пеш нерӯҳои ҳукуматӣ бахши ғарбии ин шаҳри бостониро ишғол карда буданд. Як навори телевизионӣ сарбозеро сабт карда буд, ки болои як қалъаи бостонӣ парчами Сурияро алвонҷ медод.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли шамин”-ро хароб кард. Баъдан ситезаҷӯён чанд осори бостонии дигар, аз ҷумла, се манораи солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд, тахриб карданд.

ЮНЕСКО, Созмони илму фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намодҳо ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG