Пайвандҳои дастрасӣ

Департаменти додгоҳии Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар ин кишвар шумори онҳое, ки аз супоридани алимент сарпечӣ мекунанд, меафзояд. Бисёре аз ин афрод дар беруни кишвар ҳастанд.

Дар гузориши Додситонии кулли Ӯзбекистон омадааст, ки 94 фоизи шикояткунандагон аз дарёфт накардани алимент барои фарзандони ноболиғашон ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

Дар доираи "ҳукумати электронӣ" дар Ӯзбекистон махзани ягонаи маълумот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.

Махзани электронӣ ба мақомоти Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ҳамаи маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар даст дошта бошанд. Ин махзан аз ҷумла афродеро, ки аз пардохтани алимент сарпечӣ мекунанд, ба мақомот ошкор месозад. Афроде, ки қатъан аз пардохтани алимент саркашӣ мекунанд, дар сурати вуруд ё хориҷ шудан аз кишвар, боздошт хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG