Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳ бо силоҳу маводи мухаддир


Мақомоти интизомӣ аз боздошти як гурӯҳ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки бо худ миқдори зиёди аслиҳа ва маводи мухаддир доштанд. Рӯзи чаҳоршанбеи 23 март аз ВКД ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки давоми ду рӯзи гузашта кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёти вижа гурӯҳи иборат аз сенафарро, ки ҳар 3 қаблан барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ суд шудаанд, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ дастгир намуданд. Зимни кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар пинҳонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат, аз ин гурӯҳ миқдори калони маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 21-уми март ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан ҳабс шуда буд, 1,5 кг маводи нашъадори навъи героин ва аз дохили дӯкони ҷои кораш 1 килограм ва 518 грамм маводи нашъадори афюн ва як адад таппончаи тамғаи “Берета” бо як адад тирдон ва 7 дона тираш дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин, рӯзи 22-юми март аз гумонбаршуда аз махфигоҳе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 4 кг грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Ин манбаъ афзуд, ки аз аъзоёни дигари ин гурӯҳ, марди 65-солаи сокини Душанбе ва марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, зимни кофтукови шахсӣ ва азназаргузаронии хонаи истиқоматиашон 9,3 кг маводи нашъадори навъи афюн ва 940 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG