Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мусобиқа ё пойгаҳи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни “Наврӯз”, аспи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати мобили "Вавилон" соҳиби ҷои аввал шуд.

Аспи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати “Вавилон” шоҳҷоизаи пойгаҳи аспдавонии наврӯзии Душанберо насиби соҳибаш кард. Аспи Беҳзод Файзуллоев бо лақаби "Варс" дар ин пойгаҳ ҷои аввалро гирифт. Шоҳҷоизаи ин пойгаҳ аспи сафеди зоти тоҷикӣ будааст.

Пойгаҳи аспдавонӣ имрӯз, 23 март дар муасиссаи давлатии “ Наврӯзгоҳ” миёни 80 асп аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Файзобод, Нуробод, Рӯдакӣ, Ховалинг, Балҷувон, Душанбе ва ғайра баргузор гардид. Масофаи умумии пойгаҳи ниҳоӣ 2200 метрро ташкил додааст.

Ғолиби пойгаҳ аспи “Варс”, мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, 9 сол дошта, бори дувум аст, ки дар пойгаҳи аспдавонӣ пирӯз ва соҳиби шоҳҷоиза мешавад. Ин асп дар пойгаҳи соли 2013 низ барои соҳибаш шоҳҷоиза оварда буд.

Ҳамчунин бар пояи қазовати доварони пойгаҳ, аспи лақабаш “Рахш”, марбут ба Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон, дар ин пойгаҳ ҷойи дуюмро гирифтааст.

Баргузории пойгаҳи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳ” дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар ҳамин майдон мусобиқаи гуштии наврӯзӣ барпо гардид, ки шоҳҷоизаи ин мусобиқаро Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳарифи худ аз ноҳияи Рӯдакиро дар муддати 15 сония мағлуб карда ва шоҳҷоиза – мошини сабукрави тамғаи "Хундай"-ро аз худ намуд. Ин 23-юмин мошини сабукрав аст, ки паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои ғолибияташ дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвар ба даст меорад.

Бад-ин тартиб имрӯз савумин рӯзи таҷлили расмии иди Наврӯз дар Тоҷикистон аст ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 март дар ҷараёни таҷлил аз Наврӯзи расмӣ дар “Наврӯзгоҳ” –и пойтахт гуфт, ки се рӯзи баъд аз ин ҷашн ба унвони ид ё рӯзҳои махсус таҷлил бишаванд. Ба қавли ӯ, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон рӯзи 22 март ба унвони рӯзи гӯштигирон, 23 март - рӯзи аспдавонҳо ва 24 март ба ҳайси рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.

Ҳоло таъини ин се рӯз ё идҳои баъди Наврӯз дар тақвимҳо расман таъйид нашудааст, аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки вақте чунин ҳарфҳо аз забони шахси аввали Тоҷикистон садо дод, баъид аст, ки сарфи назар гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG