Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама сафари Кубаро бо дидори мухолифон поён медиҳад


Президенти ИМА Барак Обама рӯзи сешанбе бо мухолифони Куба мулоқот карда, якҷо бо раҳбари Шӯрои давлатии ин кишвар Раул Кастро бозии бейсболро тамошо мекунад. Обама ин дидори "таърихӣ"-и худро ба Куба бо суханроние анҷом медиҳад.

Раиси ҷумҳури ИМА дар Театри калони Ҳавана дар назди мардуми Куба суханронӣ мекунад. Reuters хабар медиҳад, эҳтимол дорад ин суханронии Обама тавассути расонаҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш шавад.

Обама, ки мӯҳлати президентиаш дар Кохи сафед моҳи январ ба охир мерасад, ҳамчунин бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бинои сафорати ИМА дидор мекунад. Намояндаҳои амрикоӣ борҳо гуфтаанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Куба намегузорад, таҳримҳои амрикоӣ нисбати Куба, ки даҳсолаҳо пеш роҳандозӣ шудаанд, бекор карда шаванд.

Рӯзи душанбе Кастро дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори амрикоӣ дар бораи боздошти мухолифонаш изҳори норизоиятӣ кард. Вай ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқи инсонро рад карда, рӯйхати чунин ҳодисаҳоро талаб намуд. Кохи сафед изҳор дошт, ки пештар ба ҳукумати Куба чунин рӯйхатҳоро пешниҳод кардааст.

Мулоқоти Обама бо мухолифон аз вуҷуди нигарониҳо миёни ду рақиби пешини даврони ҷанги сард гувоҳӣ медиҳад. Ҳарчанд сар аз соли 2014 байни онҳо нармише оғоз шудааст.

Баъд аз анҷоми дидораш аз Куба Обама бо сафари дурӯза озими Аргентина мешавад.

XS
SM
MD
LG