Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Қазоқистон райдиҳӣ идома дорад


Дар Қазоқистон райдиҳӣ дар интихоботи порламонӣ идома дорад. Интизор меравад, ки баъд аз ин интихобот ҳизби ҳоким контроли худ бар маҷлиси поёнии порламонро нигоҳ дорад.

Дар саросари Қазоқистон 9 800 қитъаи райдиҳӣ боз аст. Натиҷаҳои назарпурсӣ роҷеъ ба ин интихобот баъд аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ эълон мешаванд. Вале натиҷаҳои интихобот рӯзҳои баъд эълон хоҳад шуд. Маҷлиси поёнии порламон дорои 107 курсӣ мебошад ва рақобати шадид барои ишғоли ин курсиҳо мушоҳида намешавад.

Муфассирон мегӯянд, ки таваҷҷуҳи аслӣ дар ин интихобот ба Дариға Назарбоева-духтари раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев ҷалб шудааст, чун вай муовини нахуствазир аст ва ҳамзамон номаш дар феҳристи интихоботии ҳизб низ омадааст.

Агар вай сохтори ҳукуматиро тарк кунад, мумкин аст раиси порламон интихоб шавад. Ин мақом мавқеи вайро барои ҷойгузин шудан ба ҷои падари 75 солааш қаввитар мекунад.

Назарбоев аз соли 1989 раҳбари ин кишвар аст ва гуногунандешӣ ё ихтилофи назарҳоро чандон таҳаммул надорад. Вай моҳи январ даъват кард, ки дар кишвараш интихоботи зудраси порламонӣ баргузор шавад, бо назардошти ин ки шояд дар давоми сол вазъи иқтисодӣ бадтар шавад.

XS
SM
MD
LG