Пайвандҳои дастрасӣ

Парвиз Мушарраф Покистонро тарк кард


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон, субҳи 18-уми март барои муолиҷа ба Дубай сафар кард ва як рӯз баъд аз онки ҳукумат ба ӯ дигарбора ҳаққи сафар ба хориҷро дод. Вакилони Парвиз Мушарраф, ки ба хиёнат ба ватан ва даст доштан дар қатли Беназир Бҳутто нахуствазири пешини Покистон муттаҳам мешавад, гуфтаанд, ки ӯ ба ҷарроҳии фаврии камараш эҳтиёҷ дорад, ки дар Покистон анҷом дода наметавонанд. Аз ин пеш Додгоҳи олии Покистон, манъи сесолаи сафар барои Парвиз Мушаррафро лағв кард ва ҳукумат иҷоза дод, ӯ ба хориҷ биравад. Чудрӣ Алӣ Нисорхон, вазири умури дохилии Покистон дар ин бора рӯзи 17-уми март хабар дод ва гуфт, вакилони Парвиз Мушарраф замонат додаанд, ки ӯ баъди шаш ҳафтаи муолиҷа бармегардад ва зимни муҳокима ба додгоҳ бармегардад.

XS
SM
MD
LG