Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима ва барканории сардори дидбонгоҳ


Додгоҳи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон сардори дидбонгоҳи "Ғалабаи" раёсати марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ капитан Амирхон Қурбоновро аз кор озод кард ва дар нисбаташ ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, таъйин шудааст.

Дар нисбати ӯ авоили моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб бо моддаи 391 қисми 1, яъне "сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад", парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Як масъули аз додситони гарнизони шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 17 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати капитан Амирхон Қурбонов ҳафтаи пеш содир шуд ва ба ҳолати иҷро даромадааст.

Амирхон Қурбонов рӯзи 4 декабри соли 2015 Маҳмадқул Ҷалолов ва Олим Исмоиловро барои доштани моҳӣ аз дарё Панҷ иҷозат дода буд ва дар пайи моҳидорӣ аз тарафи Афғонистон як гурӯҳи мусаллаҳ ба сари ин ду сокини шаҳраки Фархор тир холӣ карданд, ки яке кушта шуд ва дигаре фирор кард.

Сардори дидбонгоҳ ба ин ду сокини Фархор дар ҳоле иҷозаи моҳигирӣ дар дарёи Панҷ дода буд, ки гурӯҳи Толибон рӯзи 28 октябри соли гузашта вулусволии Дарқади ҳаммарз бо Фархори Тоҷикистонро ба тасарруфи худ дароварда буданд ва вазъ дар он сӯи марз ноором гуфта мешуд.

XS
SM
MD
LG