Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Нақши ВАО дар идораи афкори умум калидӣ аст


Дидори Президент Раҳмон бо мақомоти хабаргузории ТАСС-и Русия
Дидори Президент Раҳмон бо мақомоти хабаргузории ТАСС-и Русия

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Воситаҳои ахбори оммаро (ВАО) "дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ хондааст.

Президент Раҳмон зимни мулоқот бо Сергей Михайлов ва Михаил Гусман, раис ва муовини раиси хабаргузории ТАСС дар бораи нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир ибрози назар намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, президент таъкид кардааст, дар иртибот ба воқеаҳои Шарқи Наздику Афғонистон ҳамкориҳои самарабахши ВАО-и Тоҷикистону Русия дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи неруҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии мазҳабӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG