Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикматёр мехоҳад дар музокирот ширкат ҷӯяд


Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Ҳизби Исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр 13 март дар эъломияе гуфтааст, ки мехоҳад дар музокира бо ҷониби ҳукумат ширкат ҷӯяд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико Ҳикматёрро чун раҳбари гурӯҳи тундрав барои ҳимоят аз Ал Қоидаву Толибон ба феҳристи “террористҳо” дохил кардааст.

Солҳои пеш мақомоти Амрикову Афғонистон барои кӯмак ба қатъи ҷанг бо намояндагони Ҳизби Исломӣ мулоқот карда буданд. Соли гузашта Ҳикматёр аз пайравони худ даъват карда буд, ки дар ҷанг бар зидди Толибон аз гурӯҳи ДОИШ ҳимоят кунанд.

Дар эъломияи 13 марти худ ин ҳизб аз Вашингтон интиқод кардааст, ки ду узви ҳизби вайро 10 март ба феҳристи террористҳо ворид намудааст. Абдулло Навбаҳор ва Абдулсабур-коршиносони маводи тарканда барои нақши худ дар таркишҳои маргбори Кобул ба ин феҳристи сиёҳ ворид шудаанд.

Толибон, ки гурӯҳи аслии мухолифони давлати Афғонистон мебошад, изҳор доштааст, ки дар музокироти сулҳ бо ҳукумат ширкат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG