Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот ширкат мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Эътилофи аслии мухолифони давлати Сурия изҳор доштааст, ки 14 март дар даври навбатии музокироти сулҳи Сурия дар Женева ширкат меҷӯяд. Ин музокирот бо миёнҷигарии СММ анҷом мегирад.

Кумитаи олии музокирот, ки марказаш дар Риёд ҷойгир аст ва чанд гурӯҳи мухолифонро бо ҳам муттаҳид мекунад, ҳамчунин пофишорӣ дорад, ки барои Башор Асад-раиси ҷумҳури кунунии Сурия дар ҳукумати оянда ҷой нахоҳад буд. Вале Русияву Эрон ва дигар ҳампаймонҳои Асад бар ин ақидаанд, ки нақши ояндаи Асад бояд дар интихобот маълум шавад.

Мария Захарова-намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар мулоқоти Шветсария ҳайати намояндагии ҳукмати Сурия ба раҳбарии Башор Ҷаъфарӣ-намояндаи Сурия дар СММ ширкат хоҳад ҷуст.

Аз 29 феврал дар Сурия оташбас ҷорист, ки шарту шароити он бо ширкати Вашингтону Маскав ҳамоҳанг шудааст. Дар маҷмуъ ин шарту шароити оташбас риоят мешавад.

XS
SM
MD
LG