Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси 36 нуқтаи раъйдиҳӣ дар 29 кишвари ҷаҳон


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар 29 кишвари ҷаҳон нуқтаҳои раъйдиҳӣ таъсис хоҳад дод. Рӯзи 11 март КМИРТ нишасти навбатии худро баргузор кард ва дар он масъалаи таъсиси комиссияҳои интихоботӣ дар берун аз кишвар баррасӣ шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти КМИР, ин нишаст таҳти раёсати раҳбари тозаъини ин ниҳод Бахтиёр Худоёрзода баргузор шудааст. Ба ин тартиб, бо қарори КМИРТ дар 29 кишваре, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, 36 нуқтаи раъйдиҳӣ таъсис дода хоҳад шуд. КМИРТ мегӯяд, дар дохили кишвар дар 68 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Маҷлиси Намояндагон Тоҷикистон - 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кардааст. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG