Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нуқтаҳои табдили пул дар Бишкек нархи фурӯши доллар 71,93 сом ва нархи хариди он 71,68 сом муайян шудааст. Чунин омор дар сомонаи valuta.kg. оварда шудааст.

Дар охири моҳи феврал доллар 75 сом арзиш дошт, аммо дар рӯзҳои ахири моҳи феврал ва аввали моҳи март доллар каме арзон шуд.

Ёдовар мешавем, дар охири моҳи январи соли 2016 дар нуқтаҳои табодули арз доллар бар ивази 76 сом фурӯхта мешуд. Дар аввали феврал қурб пойин рафта, дар нуқтаҳои табодули арз долларо ба ивази 70 сом харида, бо нархи 71-72 сомӣ мефурӯхтанд.

Дар миёнаи моҳи феврал баъд аз пойинравӣ қурби доллар дубора афзоиш ёфта, дар ҳадди 75 сом қарор гирифт.

Қурби расмии доллар барои 8 март ҳангоми харид 72,70 сом муқаррар шудааст.

Пештар дар Бонки миллии Қирғизистон хабар дода буданд, ки аз аввали соли 2015 қурби доллар 29% - аз 58,8 то 76 сом афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG