Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни бамгузорӣ ба 17 нафар расид


Шумораи қурбониёни бамгузории маргталабонаи 7 март дар назди даромадгоҳи додгоҳи шаҳраки Шабқадари минтақаи Чорсадаи Покистон ба 17 нафар расид.

Дар ин бамгузорӣ ду корманди пулис, як зан- корманди пулис ва як кӯдак низ ҳастанд. Пулис мегӯяд, баъд аз ҳалокати 6 нафари дигар аз 20 нафари маҷруҳ дар шифохона шумораи қурбониён афзоиш ёфтааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар уҳда гирифтааст, ки ба Толибони Покистон тааллуқ дорад ва худро гурӯҳи Ҷамоати Аҳрор ном мебарад ва ҳамчунин иддао мекунад, ки ин куштор қасос барои Мумтоз Қадрӣ аст, ки вайро барои куштори соли соли 2011-и волии вилоят дар ба дор кашиданд.

Вулусволии Чорсада дар минтақаи қабиланишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG