Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Валерий Николаев бонуеро аз Ӯзбекистон бо мошин зад


Валерий Николаев, ҳунарманди машҳури Русия бо мошинаш як зани 54-солаи зодаи Ӯзбекистонро дар Москва пахш ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Ин ҳодиса шоми 25 феврал дар маркази Москва рух додааст. Ҳунарманд аз мошинаш пойин нашуда, ёрии аввалини тиббӣ нарасонида, ҷои ҳодисаро тарк кардааст.

Баъдан маълум шуд, ки ҷабрдида Дилёра Нарзуллоева, зодаи 54-солаи Ӯзбекистон будааст. Баъди садама ин зан дар бемористони Склифосовский бистарӣ шудааст.

Се қабурғаи зан шикаста, мағзи сараш низ ба эҳтимоли зиёд осеб дидааст. Валерий Николаев баъдтар аз сӯи пулис боздошт шуд.

Додгоҳ Николаевро бар асоси моддаи "Итоат накардан ба кормандони пулис" 10 рӯз зиндонӣ кард. Аммо Николаев аз толори додгоҳ низ фирор кардааст. Вале 27 феврал пулис ӯро дубора боздошт кард. Дар сурати исбот шудани ҷинояти Николаев, ӯро то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG