Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як эронитабор саҳмияҳои "Евертон"-ро харидорӣ кард


Фарҳод Муширӣ-соҳибкори бринтониёии эронитабор 49,9 дарсади саҳмияҳои бошгоҳи футболи “Евертон”-и Англияро харидорӣ кардааст. Ин даста дар гурӯҳи олии футболи Англия бозӣ мекунад.

Маҷаллаи Forbes дороии Мушириро 1 миллиарду 79 миллион доллар тахмин мезанад ва вай дар байни сарватмандони ҷаҳон дар зинаи 894 ҷой гирифтааст.

Муширӣ дар ин авохир саҳмияҳои худро дар дастаи Арсенал ба миллиардери узбактабори Русия Алишер Усмонов фурӯхт. Акнун Усмонов баъд аз харидани саҳмияҳои Муширӣ 30,04 дарсади саҳмияҳои дастаи Арсенали Лондонро дар ихтиёр дорад.

Стан Кронке-миллиардери амрикоӣ ҳанӯз ҳам саҳмиядори асосии Арсенал ба шумор меравад. Маҷаллаи Forbes дороии Алишер Усмонови 61 соларо 14 миллиарду 2 миллион доллар арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG