Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ятсенюк: Порошенко истеъфои маро нахостааст


Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина иддао мекунад, ки Петро Порошенко-раиси ҷумҳури ин кишвар дар изҳороти худ истеъфои вайро талаб накардааст. Вай ин нуктаро шоми 19 феврал аз тариқи телевизионҳои давлатии Украина изҳор дошт.

Ба гуфтаи Ятсенюк, дар изҳороти худ Порошенко вайро ба истеъфо даъват накардааст, балки даъват кардааст, ки дар таркиби ҳукумат тағирот оварда шавад.

Нахуствазири Украина ёдоварӣ кард, ки муносибати вай бо раиси ҷумҳур воқеан ҳам оддӣ нест ва “дар шароити кунунӣ намешавад дар бораи муносибатҳои шахсӣ сухане ба забон овард”.

Ба суоле дар ин бора, ки чаро намояндагони порламони Украина аз истеъфои ҳукумати вай ҷонибдорӣ накарданд, вай ҷавоб дод: “Гурӯҳе аз намояндагон хатари нобасомонӣ ва беназмиро дар кишвар дарк карданд ва чунин вазъ наметавонист бо баргузории интихоботи зудрас поён ёбад. Гурӯҳи дуввуми намояндагон нишон доданд, ки намехоҳанд интихоботи зудрас баргузор шаванд”.

Пеш аз ин хабарҳо пахш шуда буд, ки Петро Порошенко аз нахуствазир Арсения Ятсенюк ва аз Виктор Шокин-Додситони кулл хоста буд, ки аз мақомҳояшон истеъфо диҳанд, то эътимод ба ҳукумат баргардад.

XS
SM
MD
LG