Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД қотили "Зафар Бедняк"-ро меҷӯяд


Вазорати умури дохили Тоҷикистон дар куштори соҳибкори тоҷик Зафархон Азимов, маъруф ба “Зафар Бедняк”, Обид Мақсудов, як сокини 32-солаи Душанберо гумонбар медонад.

Ҳувияти қотили соҳибкори тоҷик Зафархон Азимов, маъруф ба “Зафар Бедняк” ошкор шудааст. Вазорати умури дохили Тоҷикистон дар куштори ин соҳибкор, сокини 32-солаи Душанбе Обид Мақсудовро гумонбар медонад. Зафар Азимов рӯзи 18 уми феврал аз зарби корд кушта шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд аз ин ҳодиса, рӯзи 19-уми феврал эълон кард, ки “Азимов Зафархон бо шаҳрванд Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984 сокини кӯчаи Борбад, дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов О. бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимов Зафархонро захмӣ менамояд.”

Обид Мақсудови 32-сола писари севуми Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелсозии Душанбе аст ва ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, доғи судӣ дошта ва қаблан бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ҳоло гумонбар дар куштори соҳибкорро мавриди пайгард қарор дода, аз сокинони кишвар хостааст дар сурати пайдо кардани ягон маълумот дар робита бо Обид Мақсудов, онҳоро огоҳ кунанд.

Обид Мақсудов
Обид Мақсудов

Ин муноқиша, ки бо куштор анҷом ёфт, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар назди "Наврӯзгоҳи пойтахт" рух додааст ва ҷасади Зафархон Азимов соатҳои тақрибан ҳаштуними шаби 18 уми феврал ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шудааст. Масъулини шӯъбаи қабули ин беморхона мегӯянд, ӯ дар ҳоле ба ин бемористон оварда шуд, ки аллакай аз захми корд ҷон дода буд.

Зафар Азимов 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиев шаҳри Душанбе будааст. Ӯ имрӯз, 19-уми феврал дар зодгоҳаш ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд.

Мақомоти корҳои дохила дар робита ба омилҳои сар задани муноқиша байни ин ду нафар иттилое надодааст. Аммо фарзияҳое ҳаст, ки эҳтимол ҷанҷол байни соҳибкор ва писари Эмом Мақсудов, раҳбари корхонаи кабелбарории Душанбе, бар сари пул бошад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ Зафархон Азимов 4-5 бародар доштааст ва дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд. Вай ҳамчунин ба Эмом Мақсудов риштаи хешу таборӣ доштааст ва ба гуфтаи яке аз соҳибкорон, ҷанҷоли онҳо бар сари муомилоти пулӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи афроди огоҳ, Зафархон Азимов ба тиҷорати мошин ҳам машғул будаааст, аммо даромади аслиро аз ҳисоби додани қарзҳои калон бо фоиз ба даст меовардааст ва сару садоҳое ҳаст, ки моҷаро байни онҳо ҳам атрофии ҳамин фоизи маблағҳои калон будааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло Обид Мақсудов аз сӯи кормандони корҳои дохилӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад ва алайҳи ӯ аз сӯи додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. ВКД ҳамзамон бо нашр кардани аксҳои Обид Мақсудов ва ҳамшарики ӯ Маъруфҷон Асоев, аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки агар дар бораи ин афрод маълумоте дар даст дошта бошанд, маъмурони пулисро дар ҷараён бигузоранд.

XS
SM
MD
LG