Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё барои CASA-1000 $37 миллион дод


Бритониё барои иҷрои тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон 37 миллион доллар ҷудо кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷониби Бритониё барои ҳимоят аз татбиқи ин тарҳи минтақаӣ арзи сипос кардааст.

Президент Раҳмон рӯзи 17 феврал дар ҷараёни дидору гуфтугӯяш бо Десмонд Свейн, вазири давлатии рушди байналмилалии Бритониё дар ин замина ибрози назар кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили марбут ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, таъминоти иҷтимоию шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо, инчунин, мавзӯи таъмини амну суботи минтақавӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистонро матраҳ кардаанд.

Ҳамкориҳои Вазорати рушди байналмилалии Бритониё бо Тоҷикистон аз соли 2003 шурӯъ шуда ва то ба ҳол, ин вазорат барои иҷрои тарҳҳои мухталиф ба Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион фунт, ё баробар ба 55 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG