Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элизабет Турсинбоева соҳиби медали биринҷӣ шуд


Элизабет Турсинбоева, варзишгар-раққоси болои ях аз Қазоқистон дар бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон дар шаҳри Лиллеҳаммери Норвегия соҳиби медали биринҷӣ шуд. Турсинбоева барои иҷрои барномаи ҳатмӣ соҳиби 108,77 имтиёз шуд. Пештар зимни ҳунарнамоӣ дар барномаи кӯтоҳ вай 59,11 имтиёз гирифта буд. Ба ин тартиб, миқдории умумии холҳояш ба 167,88 расид. Медали тило ва нуқра дар ин навъи бозӣ насиби вазишгарони рус Полина Сурская (186,04) ва Марина Сотскова (169,50) шуд. Ин дувумин медали Қазоқистон дар Бозиҳои Лиллеҳаммер аст. Пештар лижарон Арина Пантова низ соҳиби медали биринҷӣ дар дави шашкилометрӣ шуд. Бозиҳои олимпӣ дар Лиллеҳаммер 21 феврал анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG