Пайвандҳои дастрасӣ

Николсон дар Кобул Кемпбелро иваз мекунад


Ҷон Кемпбел

Ҷон Кемпбел

Генерал Ҷон Кемпбел, ки акунун мақоми фармондеҳии нируҳои Амрико дар Афғонистонро тарк мекунад, изҳор доштааст, ки нируҳои Амрико барои мубориза бо Толибон нақши фаъолро дубора бар дӯш нахоҳанд гирифт.

Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки зоҳиран соли мушкили муборизаҳо дар пеш аст, масъулияти нируҳои Амрико тағир нахоҳад ёфт. Нируҳои вижаи Амрико, ки ба нируҳои Афғонистон кӯмак мекунанд, дар даргириҳо дар вилояти Ҳилманд ширкат меҷустанд.

Кемпбел дар Кобул ба рӯзноманигорон дар охирин нишасти хабарии худ пеш аз супурдани мақоми фармондеҳӣ ба генерал Ҷон Николсон гуфт, “масъулият тағир накардааст”. Ҷон Николсон дар мақоми нав корро дар моҳи март шуруъ хоҳад кард.

Кемпбел изҳор дошт, ки нируҳои Афғонистон аз худ дифоъ карда метавонанд, вале дар сурати зарурат метавонанд кӯмкаи ҳавоӣ бихоҳанд.

Нируҳои Афғонистон масъулияти анҷоми амалиёти низомиро аз нируҳои НАТО дар поёни соли 2014 бар души худ гирифтанд, вале то чанд соли дигар ба кӯмакҳои байналмиллаӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG