Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 май-рӯзи ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ


Интизор меравад фардо дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рузи баргузории рефрендум оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ баррасӣ шавад.

Як вакили парлумон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси натиҷаи баррасиҳо дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон 22 май рӯзи баргузории референдум эълом хоҳад шуд.

Вай гуфт, рӯзи чоршанбе, 10 феврал дар иҷлоси навбатии парлумон масъалаи мазкур баррасӣ шуда ва таърихи референдум ё ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ эълон хоҳад шуд.

Дар назар аст,41 ислоҳ ба Қонуни асосӣ, ки аз синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ то ислоҳи "ҳаққи" ба "ҳуқуқи"-ро дар бар мегирад, дар иҷлоси имрӯзи парлумони Тоҷикистон ҳал шавад.

Рӯзи 22 январ дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон парлумон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад, баррасӣ шуд.

Бар асоси нусхаи ин тарҳ синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шудааст. Дар сурати тасвиби ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақал барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд

XS
SM
MD
LG