Пайвандҳои дастрасӣ

Дар минтақаи Бавария, воқеъ дар ҷануби Олмон, бар асари бархӯрди ду қатор дасти кам ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 9 феврал рӯй дод, 150 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ваз0ъи 50 нафари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

Расонаҳои олмонӣ навиштаанд, ки ҳангоми садама яке аз қаторҳо аз масир берун ва бар асари ин чанд вагон чаппа шуд.

Мақомоти полису наҷотбахшӣ ва сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Баъзе аз мусофирон ҳанӯз ҳам дар вагонҳои харобшуда мондаанд.

Бархӯрди ду қатор дар наздикиҳои шаҳри Бад-Айблинг, тақрибан дар 60-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Мюнхен рӯй дод.

Тафтиши сабабҳои садамаи қатор шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG