Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз хабарнигори Озодиро боздошт кардаанд


Дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми адои вазифаи хидматӣ Маъсум Имомов (Маъсуми Муҳаммадраҷаб)-хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз сӯи марзбонони Қирғизистон боздошт шудааст.

Гулмира Борубаева-сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Маъсуми Муҳаммадраҷаб барои он боздошт шудааст, ки марзро аз посгоҳи марзӣ нагузаштааст.

Хабарнигори Радиои Озодиро дар Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт кардаанд. Вай ба он ҷо барои пӯшиш додани хабари марбут ба овехтани парчами миллии Қирғизистон дар боми хонаи шаҳрванди Тоҷикистон рафта буд. Марзбонони Қирғизистон парчамро дар боми ин хона задаанд ва иддао кардаанд, ки ин хона дар қаламрави Қирғизистон ҷой гирифтааст.

Баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин бисёре аз қисматҳои марзи кишварҳои Осиёи Миёна ҳанӯз баҳсбарангез боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG