Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми қирғизӣ беҳтарин филми Осиё унвон шуд


Филми коргардони қирғиз Далмира Тилепбергенова "Зери сақфи осмонҳо" ду ҷоизаи Ҷашнвораи байналхалқии Бангалори Ҳиндустонро ба даст овард.

Дар ин бора Бунёди рушди синамои Қирғизистон хабар медиҳад.

Ин филми қирғизӣ "Беҳтарин филми Осиё" унвон шудааст.

"Зери сақфи осмонҳо" - ин нусхаи замонавии нақли Инҷил дар бораи Қобилу Ҳобил - нахустфарзандони ҳазрати Одам аст, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти Осиёи Марказӣ такрор мешавад. Филм дар бораи ишқ, талафот, хиёнат ва вафодорӣ нақл мекунад.

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур дар тобистони соли 2015 дар Ҷашнвораи Монреали Канада ба намоиш даромада, "Ҷоизаи махсуси доварон"-ро ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG