Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу Русия ва бархе дигар аз кишварҳои ҷонибдори президент Башор Асадро дар “ҷиноятҳои ҷангӣ” дар Сурия айбдор кард.

Зимни суханронии 4 феврал дар Лондон, дар ҳамоиши ҷамъоварии маблағ барои қурбониёни ҷанги Сурия Довудоғлу гуфт, ки сабаби аввалияи бӯҳрони башарӣ дар Сурия “ҷиноятҳои ҷангии режими суриягӣ” ва ҷангиёни Давлати исломӣ (ДИ) мебошад. Вай гуфт, ки “онҳое, ки ба режими Асад ёрӣ медиҳанд, низ ба ин ҷиноятҳои ҷангӣ шариканд. Ман ҳоло ба ин мавзӯъ махсус таъкид мекунам, зеро шаҳри Ҳалаб зери зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ қарор гирифтааст”.

Намояндаи вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков дар Москва ба интиқоди Довудоғлу посух дода, Туркияро дар “омодагӣ барои ҳамлаи низомӣ” ба Сурия айбдор кард. Вай гуфт, ки Русия “мавридҳои афзояндаи омодагии махфии нерӯҳои мусаллаҳи туркӣ барои анҷоми амалиёти фаъол” дар қаламрави Сурияро фош кардааст.

Дертар намояндаи ҳукумати Туркия дар Анқара гуфт, ки Москва дар бораи дур кардани таваҷҷӯҳи мардум аз “ҷиноятҳои” худ ба артиши турк тӯҳмат мезанад.

XS
SM
MD
LG