Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти устод Асадулло Саъдуллоев


Асадулло Саъдуллоев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соати 9-и субҳи рӯзи 4-уми феврал бар асари бемории саратон дар манзили зисташ, воқеъ дар маҳаллаи 191-и шаҳри Душабе, даргузашт. Ба қавли Сангин Гулов, устоди ДМТ, Асадулло Саъдуллоев аз ду моҳ ба ин тараф бинобар беморӣ аз тадрис дар донишгоҳ канор рафта буд.

Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Вай соли 1949 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар соли 1969 дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" онро идома додааст.

Соли 1979 дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода ва соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод кор кардааст. Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.

Асадулло Саъдуллоев аз публитсистҳои маъруфи Тоҷикистон буд, ки дар саҳифаҳои матбуоти кишвар ҳанӯз аз замони Шӯравӣ мақолаҳои сиёсӣ ба табъ мерасонд.

Маросими ҷанозаи Асадулло Саъдуллоев 4 феврал дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG